Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази гармидиҳии Ёвон дубора фаъол мешавад


Марҳилаи аввали корҳои тармимиву барқарорсозии Маркази гармидиҳии Ёвон амалан анҷом ёфт. Ҷиҳати иҷрои марҳилаи аввали барқарорсозӣ то имрӯз 6 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст ва қарор аст, агрегати нахустини он ояндаи наздик ба кор андохта мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази гармидиҳии Ёвон беш аз 10 сол кор намекард. Барои воридсозии фанновариҳои навин дар Маркази гармидиҳии Ёвон сармоягузории беш аз 13 миллион доллар дар назар аст ва онро ширкати алюминиуми Тоҷикистон - ТАЛКО анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG