Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ: "Орд қимат намешавад"


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, болоравии қимати орду гандум дар кишвар пешбинӣ намешавад. Муродалӣ Алимардонов, раиси бонки миллӣ, бо таъкид ба ин нукта аз шаҳрвандон хостори осудагӣ ва нигаҳдории субот шудааст. Ба гуфтаи оқои Алимардонов, барои харидории орду ғалла бо ширкатҳои азими Русия ва Қазоқистон созишномаҳо баста шудааст ва қарор аст то поёни имсол иловатан 800 ҳазор тон орд вориди Тоҷикистон шавад. Ин ҳам назар ба як соли пеш 150 ҳазор тон беш буда ва эҳтиёҷоти сокинони Тоҷикистонро пурра бароварда месозад, - афзуд раиси Бонки миллӣ. Ба ҷуз ин то 15 дар сад боло рафтани сатҳи таваррум, низ яке аз омилҳои аслии гароншавии нарху навои маводди ниёзи аввалия будааст.
XS
SM
MD
LG