Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз таъини таърихи интихоботи Покистон истиқбол кард


Кохи Сафед дирӯз хабари мушаххас шудани таърихи баргузории интихоботи парлумониро дар Покистон истиқбол кард. Мушарраф ҳафтаи гузашта, бо баҳонаи бӯҳрони низоми додгустарӣ ва хатарҳои афзоянда аз экстремизм, дар саросари кишвар вазъияти изтирориро ҷорӣ кард. Таҳаввулоти мазкур хатари бекор шудани таърихи баргузории интихоботи парлумониро пеш овард, ки мебоист моҳи январи соли оянда баргузор мешуд. Мушарраф ниҳоятан дирӯз эълон кард, ки интихоботи саросарии кишвараш то таърихи 15 феврал баргузор хоҳад шуд. Вай инчунин ваъда дод, ки қабл аз шурӯи мӯҳлати дуюми раёсатҷумҳуриаш аз вазифаи фармондеҳи артиши кишвар канор хоҳад рафт. Дирӯз Бритониё аз ин тасмими Мушарраф истиқбол, аммо роҷеъ ба баргузор нашудани интихобот дар таърихи аз пеш таъйиншуда изҳори таассуф кард.
XS
SM
MD
LG