Пайвандҳои дастрасӣ

Густариши марзҳои бевизаи Иттиҳоди Аврупо


Вазирони умури дохилии Иттиҳоди Аврупо имрӯз тасмим гирифтанд, марзҳои сафари бидуни раводидро барои сокинони кишварҳои узв густариш диҳанд. Ин хабар махусан барои сокинони 9 узви нави иттиҳод муҳим аст, ба монанди Ҷумҳурии Чех, Эстония, Маҷористон, Литвониё, Латвия, Молто, Лаҳистон, Словения ва Словакия. Аммо дар ҳоле ки тафтиши гузарномаҳо дар марзҳои заминӣ ва обӣ аз 21-уми декабри имсол барҳам мехӯрад, ин тафтиш дар фурудгоҳҳо то 30-юми марти соли оянда идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG