Пайвандҳои дастрасӣ

Дафни вакилони шаҳид дар Афғонистон


Имрӯз дар Афғонистон расми дафни шаш вакили порлумон барпо шуд, ки дар марговартарин бомбгузории худкушонаи рӯзи сешанбе дар вилояти Бағлони ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар ин таркиш дастикам 40 нафар кушта шуданд, ки бархе аз онҳо кӯдакони мактаб буданд. Инфиҷор дар ҳоле ба амал омад, ки вакилонро дар даромадгоҳи корхонаи нави саноатӣ мактабиён ва мӯйсафедони минтақа пешвоз мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG