Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф ба интихобот розӣ шуд


Телевизиони давлатии Покистон президенти ин кишвар, генерал Парвиз Мушаррафро нақли қавл кард, ки гуфтааст, интихоботи миллӣ пеш аз 15-уми феврали соли оянда барпо хоҳад шуд. То эълони вазъияти фавқулодда аз тарафи президенти Покистон, қарор буд, дар нимаҳои моҳи январи соли оянда интихобот барпо шавад. Аммо рӯзи сеюми ноябр Мушарраф гуфт, зимни хусумати мақомоти адлия ва афзоиши ситезаҷӯӣ дар кишвар вазъияти фавқулодда эълон кардааст. Изҳороти нави Мушарраф дар ҳоле садо дод, ки президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш шахсан ба ӯ занг зад ва аз ӯ хост, интихоботро баргузор кунад ва аз мақоми низомияш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG