Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои низомӣ дар кӯчаҳои Тифлис


Дар ҳоле ки эълони вазъияти фавқулодда дар Гурҷистон нигарониҳои байнулмилалӣ ба миён овардааст, низомиён назорати Тифлисро ба даст гирифтаанд.

Раиси Шӯрои Аврупо Террӣ Дейвис ҳамаи тарафҳои зидахли гурҷиро ба хештандорӣ даъват кард. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ба ин даъват шарик шуданд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико Шон Маккормак гуфт, ҳама гуна тафовутҳои сиёсӣ бояд дар доираи низоми сиёсии Гурҷистон ва бо роҳи осоишта ҳал шаванд. На ҳукумат ва на мухолифон бояд дидаву дониста ҳеч иқдоми таҳрикомезе нугзоранд, ки ба хушунат боис гардад. Вай аз тарафҳои гурҷӣ хост ба муколамаи сиёсӣ бартарӣ диҳанд.

Русия баёнияҳои ахири раҳбарони Гурҷистонро, ки гӯё нооромиҳоро дар Тифлис Маскав ҳавасманд кардааст, рад намуд. Рӯзи гузашта дар натиҷаи задухӯрди полис бо эътирозгарон бештар аз 100 нафар ба бемористонҳо интиқол дода шуд. Чандин нафар аз кормандони полис низ маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ин изҳорот созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч гуфт, корбурди тирҳои резинӣ сӯистифода аз нирӯ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG