Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии мавзӯъи нерӯгоҳи "Ёвон" дар Тошканд


Мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Ёвон» рӯи дарёи Зарафшон аз сӯи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ҳайати тоҷикистониро дар ин гуфтушунид намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, энержӣ ва саноат ва ҳамчунин вазорати об ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ҳайати тоҷикистонӣ бо даъвати ҷониби Узбакистон ҷиҳати баррасии масъалаи нерӯгоҳи Зарафшон вориди Тошканд шудааст ва дар назар аст гуфтушуниди ҷонибҳо тайи ду рӯз, яъне 8-9 ноябр, сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG