Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ тайи ду ҳафтаи ахир 8 дарсад афзоиш ёфта, 98 доллар барои як бушкаро ташкил додааст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар вақтҳои наздик нархи як бушка нафт 100 доллар хоҳад шуд.

Муомилагарони нафтӣ омилҳои мухталифро сабаби чунин падида медонанд. Тавлиди камтари нафт назар ба талабот дар остонаи зимистон, коҳиши захоири нафти Амрикоро аз сабабҳои боло рафтани қиммати нафт унвон кардаанд. Бар асоси таҳлилҳо, манобеъи захиравии нафти Амрико бар асари камшавии тавлиди нафт дар Халиҷи Мексика 1, 7 миллион бушка камтар шудааст. Аммо на танҳо ин коҳиш, балки худдории ОПЕК - Созмони кишварҳои умдаи содиркунандаи нафт аз афзоиши тавлидоти нафт низ сабаби гаронии қиммати нафт шудааст.

Дигар омил поён рафтани арзиши доллар низ гуфта мешавад. Яъне муомилагарон нафтро бо асъори дигар мехаранд ва бо доллар, ки барои харидорон дастрастар мешавад, мефурушанд. Виктор Шам, таҳлилгари як ширкати муомилагари нафтӣ дар Сингапур, гуфт, тамоюли болоравии нархҳо дар бозори нафт қавист ва акнун харидани як бушка нафт бо қиммати сад доллар ногузир ба назар мерасад.

Вазъият дар бозори нафтро ҳамчунин пешбинии Идораи иттилоъоти энержии Амрико мушкилтар кард. Ин созмон гуфт, захираҳои нафти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон то охири соли 2007 дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои миёнаи панҷ соли ахир 20 миллион бушка камтар хоҳад шуд.

Идораи иттилоъоти энержии Амрико ҳамчунин гуфт, афзоиши эҳтимолии тавлидоти нафтӣ аз тарафи кишварҳои узви ОПЕК дар баробари талабот ба нафт нокофӣ хоҳад буд. Талабот ба нафт дар бозори ҷаҳониро Чин, ки бо суръат рушд мекунад, афзоиш додааст.

Ба иттилоъи идораи мазкури Амрико, то соли 2010 Чин аз назари истеъмоли сӯзишвории нафтӣ Иёлоти Муттаҳидаро қафо гузошта ба бузургтарин кишвари истеъмолкунандаи энержӣ дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Афзоиши қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ метавонад, аз пайи худ қиммати молу колоро боло бурда ва суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро кундтар кунад.

XS
SM
MD
LG