Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон: гирдиҳамоӣ пароканда гардид, вале...


Пулис гирдиҳамомадагонро пароканда мекунад. Тбилисӣ, 7-уми ноябри соли 2007

Пулис гирдиҳамомадагонро пароканда мекунад. Тбилисӣ, 7-уми ноябри соли 2007

Гирдиҳамоии мухолифини Гурҷистон ба задухӯрд бо кормандони пулис печид.

Субҳи имрӯз тақрибан 1000 тан аз кормандони ҳифзи тартибот бо истифода аз гози ашковар ва калтакҳо ба парокандасозии гирдиҳамодамоӣ шурӯъ карданд. Баъди ин байни пулис ва эътирозгарон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он, ба иттилоъи вазири ҳифзи сиҳҳати Гурҷистон Давид Ткешелашвилӣ, тақрибан 250 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтанд. 50 нафари онҳо баъди ташхис ба манзилҳои худ баргаштанд.

Пулис як гурӯҳ эътирозгарон ва раҳбарони мухолифинро боздошт кард. Яке аз онҳо собиқ вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон Георгий Хаиндрава буд, ки чанде пеш бо иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир дастгир шуда, пас аз чанд соат аз сӯи додгоҳи Тифлис озод карда шуд. Айни ҳол равшан нест, ки чанд тан аз фаъолони мухолифин дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Соломе Зурабашвилӣ, яке аз раҳбарони мухолифин ва собиқ вазири умури хориҷаи Гурҷистон, мақомоти кишварро дар поймолсозии демократия муттаҳам намуд ва гуфт: «Ҳукумат бо фиристодани ҳазор корманди пулис алайҳи гуруснанишинҳо, ки миёни онҳо занҳо низ буданд, ботини худро нишон дод. Магар ин демократия аст? Аз нигоҳи ман, мо хубтар медонем, ки демократия бояд чи гуна бошад ва аз дӯстони Гурҷистон даъват мекунем, то дӯстони Гурҷистон бошанд, на дӯстони раисиҷумҳур Саакашвилӣ. Ӯ бори дигар нишон дод, ки мустабиди болшевикист”.

Парокандасозии гирдиҳамоӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки раҳбарони мухолифин мехостанд имрӯз дар канори бинои порлумони Гурҷистон шаҳраки хаймаҳо бунёд кунанд.

Гиги Угулава, мири Тбилиси изҳор намуд, ки шаҳрдорӣ комилан мухолифи хаймаҳо дар маркази шаҳр буд. Айни ҳол ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шота Руставелӣ, воқеъ дар маркази Тбилиси, дубора барқарор шудааст. Ба гуфтаи Угулава, дар ҳоли ҳозир дар маркази шаҳр ва дар майдони канори порлумон, ки чанд рӯз боз гирдиҳамоӣ идома дошт, хадамоти беҳдоштӣ ба поккорӣ машғуланд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки мухолифини ҳукумат аз намоишҳои эътирозӣ даст бардоштанӣ нестанд. Феълан ҳудуди 5 000 эътирозгарон дар майдони Рике, воқеъ дар қисмати бостонии Тифлис, ҷамъ омада, ҳамоно истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, инчунин интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ ва озод кардани маҳбусони сиёсиро талаб доранд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши эътирозии мухолифини ҳукумати Гурҷистон рӯзи ҷумъаи гузашта шурӯъ шуда буд. Дар ҳамин ҳол, мабнӣ бар иттилоъоти ахир, дар ду шаҳри дигари Гурҷистон – Кутаисӣ ва Батумӣ – гирдиҳамоии мухолифин идома дорад.
XS
SM
MD
LG