Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Фарзод" барои ришвадиҳӣ боздошт шуд


Раиси ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди мавсум ба «Фарзод» барои пешниҳоди ришва ба корманди ожонси зиддифасод боздошт гардид. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Ожонси назорати молию мубориза бо коррупсия, Мирзоёр Холов барои махфӣ нигаҳ доштани камбудиҳои коргоҳаш ба корманди ниҳоди мазкур хостааст, 800 доллари амрикоӣ пора диҳад, аммо нафари дуввум дар ин бора раҳбарияти худро огоҳ кардааст. Феълан алайҳи Мирзоёр Холов парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG