Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия


Имрӯз дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар Қатар, дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё, бо тими Сурия бозӣ мекунад. Ду рӯзи пеш мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҳамтоёни туркмани худро бо ҳисоби 4 бар сифр мағлуб карда ва феълан дар садри ҷадвали гурӯҳи С қарор гирифтааст. Сурия низ бар ҳарифи худ, мизбони бозиҳои ин гурӯҳ – тими Қатар бо ҳисоби 1 бар сифр пирӯз шуд. Сабқати интихобии Ҷоми Осиё бо ширкати 42 даста дар 7 гурӯҳ сурат мегирад. 16 тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот мешаванд, ки соли 2008-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Ба бозигарони тоҷик пирӯзӣ мехоҳем.

XS
SM
MD
LG