Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз паймони аслиҳаи маъмулӣ хориҷ мешавад


Палатаи поёнии парлумони Русия ба таври якҷониба узвияти Русияро дар паймони муҳими назорати таслеҳотӣ боздошт. Ба пуштибонии ташаббуси Владимир Путин дар ин замина дирӯз 418 нафар кулли вакилони парлумон овоз доданд. Ба ин тартиб, Русия аз ширкат дар Паймони аслиҳаи маъмулӣ дар Аврупо хориҷ мешавад, ки дар соли 1990 имзо шудааст. Ин мавзӯъ дар фурсати ахир боиси ташаннуҷи равобити миёни Русия бо Аврупову Ғарб шудааст.
XS
SM
MD
LG