Пайвандҳои дастрасӣ

Бушу Саркозӣ дар масъалаи Эрон ҳамкорӣ мекунанд


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ва ҳамтои фаронсавии вай Николя Саркозӣ изҳор намуданд, ки дар муқобили барномаи ҳастаии Эрон шона ба шонаи ҳам истодаанд. Зимни боздид аз Вирҷиния, зодгоҳи раиси ҷумҳурии нахустини Амрико Ҷорҷ Вашингтон - Буш гуфт, тавофуқе, ки дар ин масъала ҳосил шудааст, хусусияти рамзӣ дорад. Вай гуфт, ки ҳар ду раҳбар дар самти водорсозии Эрон ба тарки барномаи ҳастаӣ карданаш ҳамкорӣ хоҳанд кард. Саркозӣ, ки бо нахустин сафари расмиаш дар Амрико ба сар мебарад, гуфт, ки "ғайриқобили қабул аст, ки Эрон дорои аслиҳаи ҳастаӣ бошад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG