Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Ӯзбакистонро барои шиканҷа маҳкум кард


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч гуфт, ки Ӯзбакистон бояд барои нақзи ошкорои муқаррароти манъи шиканҷа маҳкум шавад. Даъвати ин созмон дар ҳоле садо медиҳад, ки як ҳайати зиддишиканҷаи СММ бояд дар давоми ду рӯз масоили марбут ба нигаҳдошти зиндониён дар ин кишварро баррасӣ кунад. Дар як гузориши 90-саҳифагии Дидбони ҳуқуқи башар ҳукумати Ӯзбакистон барои истифода аз шеваҳои мухталифи шиканҷа танқид мешавад. Ин гузориш мегӯяд, ки боздоштшудаҳову зиндониҳо дар ин кишвар ба ҳар навъ азият мешавад: онҳоро бо дастакҳои чӯбӣ лату кӯб карда бо шишаҳои пури об то ҳолати хафагӣ мерасонанд, инчунин ба онҳо ниқобҳои газӣ пӯшонда шуда нисбаташон шоки барқӣ ва озори ҷинсӣ раво дида мешавад.
XS
SM
MD
LG