Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гурҷистон вазъи изтирорӣ эълон шуд


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ вазъи изтирориро аз маҳдудаи пойтахт ба кулли қаламрави Гурҷистон тавсеа дод. Шоми дирӯз вазири иқтисоди ин кишвар Георгий Арвеладзе гуфт, ки ҳолати изтирорӣ ҳамакнун дар тамоми қаламрави Гурҷистон ба мӯҳлати 15 рӯз ҷорӣ мешавад. Зураб Ноғайделӣ, нахуствазири кишвар дар як изҳороти телевизиониаш гуфт, ки ин кӯшише барои анҷоми яу кудато будааст. Дируз полиси Гурҷистон барои пароканда кардани эътирозгарон, ки истеъфои Саакашвилиро талаб мекардаанд, бо онҳо вориди даргирӣ шуда, аз гази ашковар ва тӯпҳои обӣ истифода кард. Саакашвили Русияро дар ташкили бесуботиҳо муттаҳам намуда гуфтааст, ки мақомоти Гурҷистон аз чанд корманди дипломатии русӣ, ки дар ҷосусӣ гумонбар мешаванд, талаб кардаанд кишварро тарк гӯянд. Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад ва даъвоҳои Тифлисро беасос хондааст. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки фиристодаи вижаи худ дар Қафқози Ҷанубӣ - Питер Семнебиро барои ошноии наздик бо вазъи Гурҷистон ба Тифлис мефиристад. ИМА гуфтааст, ки аз рӯйдодҳои ахири Гурҷистон нигарон аст. Раҳбари калисои Гурҷистон Илияи 2 саркӯби мухолифинро аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ маҳкум ва комилан ғайриқобили қабул хондааст.
XS
SM
MD
LG