Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони нави коммунизм


Ҳизби комунисти Тоҷикистон эълом дошт, ки тайи соли равон 2500 нафар ҷавонони тоҷики аз 18 то 25-сола ба сафи ин ҳизб пайвастаанд.

Ин ҳизб бахшида ба пешвози 90-солагии Инқилоби Октябр дар саросари Тоҷикистон маросими қабул ба ҳизби комунистро ташкил додааст ва дар ин маросим 350 ҷавон, ки аслан коргар ва деҳқон будаанд, аъзои ин ҳизб шудаанд.

Сафиаллоҳи Субҳон, муншии аввали ҳизби комунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гуфт, танҳо дар рӯзи ҷашни 90-солагии Инқилоби Октябр, ки 7-уми ноябр комунистони Душанбе таҷлил кардаанд, 35 нафар донишҷӯён бо ихтиёри худ ба узвияти ин ҳизб қабул шудаанд.

Сабаби ахиран таваҷӯҳ зоҳир намудани ҷавонон ба ҳизби комунистро оқои Сафиаллоҳи Субҳон ба мушкилоти иҷтимоии мардум марбут медонад. Вай гуфт, вазъи бади иҷтимоӣ ҷавононро водор мекунад, ки аҳдофи ҳизби комунистро мақсади хеш қарор диҳанд. Ба гуфтаи вай, «имрӯз ҷавонон ҳам эҳсос карданд, ки ҷомеаи буржуазие, ки мо сохта истодаем, на ба манфиати ҷавонон аст ва ба манфиати калонсолон». Вай афзуд, «ҷавонон мушкилоти аз соли 1991 то ҳозир дидаашонро бори дигар таҳлил карда баромаданд ва хулоса карданд, ки роҳи ягона роҳи сотсиализм аст».

Аммо ин дар ҳолест, ки ҷомеаи Тоҷикистон мехоҳад як ҷомеаи демократию дунявӣ созад, ки хилофи ақоиди комунистон аст. Фаридун Давлатов, як ҷавоне, ки узви ҳизби комунист гардидааст, мегуяд, агар тамоми ҷавонон алъон аз аҳдофи ҳизби комунист бохабар бошанд, узвияти ин ҳизбро қабул хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, маҳз бохабар буданаш аз идеяхои комунистии Ленину Маркс барин пешвоёни ҳизби мазкур уро узви ин ҳизб гардонидааст.

Ва аммо афзоиши аъзои ҳизби кумунист аз ҳисоби ҷавонон дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба равандҳои сиёсӣ нисбат ба 16 соли қабл ниҳоят кам гардидааст. Тарсу ҳаросе, ки ба афкори ҷавонон аз ҷанги дохилии Тоҷикистон таъсир гузоштааст, вазъияти бади иқтисодию иҷтимоӣ ва адами иттилоъоти гуногун дар бораи ҳоводиси сиёсии кишвар ҷавононро нисбат ба ҷараёнҳои сиёсии кишвар бетараф кардааст.

XS
SM
MD
LG