Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни коммунизм (Видео)


Манзарае аз гулаги рамзӣ дар маркази Прага, 6 ноябри соли 2007.
Манзарае аз гулаги рамзӣ дар маркази Прага, 6 ноябри соли 2007.

Дар маркази Ҷумҳурии Чех паҳлуи муҷассамаҳои бостонии Прага як урдугоҳи симхорпечи шабеҳи Гулаг раҳгузаронро ба ёди давраҳои коммунистӣ меафканад.

Дар 90-умин солгарди табаддулоти коммунистӣ дар Русия, ки баъдан даҳҳо кишвари блоки шарқро зери тасаллут гирифт, ин урдугоҳи рамзӣ зери шиори "Амал барои озодӣ" дар майдони Ватслави муқаддас бунёд гаштааст. Созмонҳои ғайридавлатии ҷумҳурии Чех бо кумаки мақомоти пойтахти ин кишвар дар лавҳаҳои чӯбӣ аксҳо ва тарҷумаи ҳолӣ кӯтоҳи маҳбусони сиёсии даврони ҳукми коммунистон дар Чехословакияи собиқро ҷой додаанд ва ба воситаи баландгӯякҳо ба навбат қиссаи маҳбусон ҳикоят мешавад.

Боҳумил Модрӣ узви дастаи мунтахаби ҳоккейи Ҷумҳурии Чехословакия будааст ва ӯро бар пояи аризаи кадом бадхоҳе ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ намуданд.

Ҳамин гуна миёни ин аксҳо дар баробари мухолифини режими коммунистӣ, номҳои мардуми дигарандеш, хайрхоҳони демократия, рӯҳониёни насронӣ, донишҷӯён, соҳибкорон, донишмандон, ҳунармандон ва кишоварзонро метавон пайдо кард, ки гуноҳи онҳо худдорӣ аз эътирофи афкори коммунистӣ будааст. Дар байни ин маҳбусон коммунистоне низ ҳастанд, ки дар муборизаҳои дохилӣ ноком шудаанд. Одатан, коммунистон хешу наздикони маҳбусонро ҳам бо тӯҳмат ба лагерҳои кор мефиристоданд.

Созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Чех "Чловек в тисни" акс ва ҳукмҳои додгоҳии ин маҳбусонро дар маҷаллае ба табъ расонааст, то ҳеҷ яке аз қурбониҳои режим фаромӯш нашавад. Ҳамчунин мардум бидонад, ки коммунистон бо айбномаҳои беасос ҳаёти ҳазорҳо нафар сӯхтаанд.

Марди солхӯрдаи чех зулми режимро аз сар гузаронидааст. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳукумат бояд ба маҳбусони сиёсии он давра ҷуброн диҳад. "Ин намоишгоҳи барои мо боаҳамият аст. Мо набояд онҳоро аз ёд барорем."

Гурӯҳи донишҷӯёни испаниявӣ барои ширкат дар ҷашнвораи ҳунарӣ ба Прага омадааст. Яке аз донишҷӯён мегӯяд, Испания ҳам дар тӯли чил сол дар зери ҳукми диктатор буд: "Қиссаҳои ин маҳбусони бечора дар қалби мо ҷой гирифт. Мо хушбахтем, ки аз чунин макон зиёрат кардем."

Дар даврони ҳукми коммунистон, ки аз соли 1948 то соли 1989 идома доштааст, дар ҷумҳурии Чехословак 248 маҳбуси сиёсӣ эъдом шудаанд. Дар ин муддат 8 ҳазор нафар дар лагерҳо, бозпурсиҳо ва маҳбас ба ҳалокат расидаанд.

600 боздоштшуда аз латукӯби афсарони хадамоти амниятӣ фавтида, камаш 282 нафар бар асари таркиши минаҳо аснои убури марзи Ҷумҳурии Чехословак бо кишварҳои ғарбӣ ба қатл расидаанд.

Дар айни замон баъзе сокинони солхӯрдаи ҷумҳурии Чех гуфтанд, ки ба фикри онҳо хуб мебуд, агар дар ин намоишгоҳ зулми даврони натсистӣ ҳам ҷой дода мешуд.

XS
SM
MD
LG