Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши ҷонибдорони Бҳутто пароканда карда шуд


Пулиси Исломобод бо истифода аз гази ашковар намоиши эътирозии гурӯҳи ҷонибдорони сарвазири пешин Беназир Бҳутторо пароканда кард. Парокандасозии аъзои ҳизби мардумии Покистон баъди он сурат гирифт, ки хонум Бҳутто аз аъзои ҳизбаш даъват кард то алайҳи вазъи фавқулодда дар кишвар намоишҳои оммавӣ доир кунанд. Вазъи фавқулодда дар Покистон чанд рӯз пеш бо амри раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф ҷорӣ гардид.

Ҷонибдорони Беназир Бҳутто мегӯянд, ки бо вуҷуди таҳдиди ҳукумат барои истифодаи нерӯ намоишҳои эътирозии худро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG