Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анкара аз назорат болои ошубгарони курд розӣ нест


Туркия мақомоти Иёлоти Муттаҳидаро дар назорати нокофии фаъолияти ошубгарони курд айбдор кард. Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия имрӯз гуфт, ки "Амрико бояд бо ҳама созмонҳои террористии мустақар дар Ироқ мубориза барад ва агар дар як қисмати кишвар аз мубориза даст кашад, ин боиси нооромӣ дар ҳама минтақа хоҳад шуд”.

Дар ду рӯзи пеш Ҷорҷ Буш – президенти Иёлоти Муттаҳида дар музокирот бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда дода буд, ки Вошингтон ба Анкара дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ошубгарони Ҳизби Коргарони Курдистон кумаки бештар хоҳад кард. Сарвари Иёлоти Муттаҳида гуфта буд, ки Ҳизби Коргарони Курдистон созмони террористӣ ва душмани Туркия, Ироқ ва Амрикост.

Дар ҳамин ҳол дирӯз ошубгарони курд ба як постгоҳи пулиси Туркия дар вилояти Тунҷелӣ, воқеъ дар марзи Ироқ ҳамла карданд. Дар задухурд ду сарбози турк кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG