Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифини Гурҷистон раҳо карда шуд


Бар асари пароканда кардани гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Тифлис беш аз 200 нафар осеб диданд. Дар ин бора вазорати ҳифзи сиҳати Гурҷистон хабар дод. Субҳи имрӯз кормандони пулис бо истифода аз калтак ва гази ашковар гирдиҳамомадагонро пароканда ва чанд тан аз раҳбарони мухолифинро боздошт намуданд. Яке аз онҳо – собиқ вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон Георгий Хаиндрава, ки бо иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир дастгир шуда буд, баъди чанд соат аз сӯи додгоҳи Тифлис озод карда шуд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ширкаткунандагони гирдиҳамоии мухолифини Гурҷистон ба майдони назди бинои порлумон бармегарданд.

Намоиши эътирозии мухолифини ҳукумати Гурҷистон рӯзи ҷумъаи гузашта шурӯъ шуд. Эътирозгарон истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ ва аз зиндон озод кардани маҳбусони сиёсиро талаб доранд.Гирдиҳамоиҳои мухолифини ҳукумат дар шаҳрҳои Кутаиси ва Батуми низ идома доранд.

XS
SM
MD
LG