Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин ба майдон бармегарданд


Ширкаткунандагони гирдиҳамоии мухолифини Гурҷистон ба майдони назди бинои порлумон бармегарданд. Субҳи имрӯз кормандони пулис гирдиҳамомадагонро аз майдон хориҷ ва чанд нафар, аз ҷумла, раҳбарони мухолифинро боздошт карданд. Яке аз боздоштшудагон – собиқ вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон Георгий Хаиндрава гуруснанишинӣ эълон кард. Мақомот ӯро дар истеъмоли маводи мухаддир айбдор мекунанд. Хонуми Хаиндрава аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки аз шавҳараш ҳимоят кунанд, зеро, ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис метавонанд даст ба тақаллуб зада ба ҷайби вазири собиқ маводи мухаддир андозанд.

Намоиши эътирозии мухолифини ҳукумати Гурҷистон рӯзи ҷумъаи гузашта шурӯъ шуд. Эътирозгарон истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ ва аз зиндон озод кардани маҳбусони сиёсиро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG