Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон се рӯз мотам хоҳад дошт


Дар Афғонистон ба хотири қурбониёни ҳамлаи терористии ахир се рӯзи мотам эълон шуд. Тибқи иттилоъи ахир, бар асари як ҳамлаи маргталабона, ки дирӯз зимни ифтитоҳи корхонаи тавлиди қанд дар вилояти Бағлон сурат гирифт, беш аз 40 нафар, аз ҷумла, 6 вакили порлумони Афғонистон кушта шуданд. Миёни онҳо сиёсатмадори маъруф ва собиқ вазири тиҷорати кишвар Сайид Мустафо Козимӣ низ ҳаст. Дар ин таркиш чанд наврас низ ба ҳалокат расиданд.

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва гуфт, ки он "аз сӯи душманони сулҳу субот дар кишвар тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст". Толибон даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад карданд.

XS
SM
MD
LG