Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба инфиҷори марговари Бағлон


Қурбониёни таркиш дар бемористони Бағлон, 7 ноябри соли 2007.

Қурбониёни таркиш дар бемористони Бағлон, 7 ноябри соли 2007.

Дабири кулли СММ Бан Ки-мун таркиши худкушона дар Афғонистонро, ки мунҷар ба ҳалокати нафарони зиёд шудааст, шадидан маҳкум кард.

Сухангӯи ӯ Мери Окабе изҳор намуд: «Дабири кулл ин ҳамлаи нафратангезро маҳкум карда, таслияти амиқи худро ба хешовандони қурбониҳо ва ба ҳукумату мардуми Афғонистон баён мекунад».

Ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбе гурӯҳи вакилони парлумони Афғонистонро ҳадаф қарор дода буд, ки бо як сафари ошноӣ дар шаҳри Бағлон, воқеъ дар шимоли Кобул, ба сар мебурданд. Ба гуфтаи вазири беҳдошти ин кишвар Саид Муҳаммадамини Фотимӣ, шумори ҳалокшудагон феълан 28 нафар ва теъдоди захмиҳо, ки дар миёни онҳо муҳассилони макотиб зиёд будаанд, беш аз 80 нафар аст.

Абдурраҳмон Саидхайл, раиси хадамоти кашф дар Бағлон, гуфт, ки шумори воқеъии қурбониҳо метавонад боз ҳам зиёдтар бошад, чунки дар оғоз мақомоти дармонгоҳҳои маҳаллӣ роҷеъ ба даҳҳо қурбониҳои ин ҳодиса гузориш дода буданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ҳоле ки баъди инфиҷор аксари ҷасадҳо ба ҳамаи 4 бемористони шаҳр интиқол дода шуданд, бархе аз сокинони маҳаллӣ аҷсоди наздиконашонро ба хонаҳояшон бурданд.

Нахуствазири Итолиё Романо Продӣ, бо «як ҳамлаи даҳшатбори террористӣ» унвон намудани ин таркиши маргталабона, онро шадидан маҳкум кард. Продӣ гуфт, ки ҳамлаи зидди аъзои парлумони Афғонистон пешравиҳои дубораи ин кишварро ба самти сулҳу демократия ва барқарорсозӣ ба ҳам мезанад.

Дар ҳамин ҳол дар байни қурбониҳои ин таркиш дастикам 5 вакили порлумони Афғонистон ва 3 кӯдаки мактабхон низ будаанд. Аҳмад Беҳзод, як узви парлумон аз шаҳри Ҳирот, роҷеъ ба ҳувияти қурбониҳо - ҳамкорони парлумониаш гуфт: «Оқои Саид Мустафои Козимӣ, раиси кумисюни иқтисоди миллии порлумонр яке аз шуҳадо ҳастанд ва ҳамчунин инженер Саид Матин, Нозукмир Сарфароз, Сайфурраҳмон ва Ҳоҷӣ Саид Зариф низ аз шуҳадои ин инфиҷор ҳастанд».

Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсӣ, Саид Мустафои Козимӣ, ки яке аз қурбониҳои ин таркиш мебошад, дар ҳукумати даври гузори Ҳомиди Карзай ба ҳайси вазири тиҷорат ифои вазифа кардааст ва баъди интихоботи порлумонии соли 2005 дар ҳайъати маҷлис бо исми «Истиқлоли миллӣ» гурӯҳи нахустини мухолифинро таъсис дод. Ӯ замоне яке аз фаъолони Эътилофи Шимол будааст.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, низ ин ҳамлаи интиҳориро шадидан маҳкум карда гуфт, ки он метавонад кори дасти душманони сулҳу амнияти Афғонистон бошад.

Дар ҳоле ки то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё афроде масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон дар суҳбат бо радиои «Афғонистони Озод» гуфт, ки ҷангиёни онҳо дар ин кор даст надоштаанд. Вале бо вуҷуди ин, тибқи мушоҳидаҳои коршиносон, то имрӯз ҳама гуна ҳамлаҳои интиҳорӣ дар хоки Афғонистон ба дӯши нерӯҳои Толибон ва ҷангиёни Ал-Қоъида вогузор мешавад.

XS
SM
MD
LG