Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол: Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар Туркманистон


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Қатар дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни бозигарони то 19-сола бо натиҷаи 4:0 бар дастаи Туркманистон пирӯз шуд.

Комил Саидов дар дақиқаи 22-вум ҳисобро боз кард. Дар қисми дувум Музаффар Фузайлов ду гол (дақиқаҳои 50 ва 65-ум) ва Давронҷон Тухтасунов як гол (дақиқаи 72-вум) ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» Сурия дастаи Қатарро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ дастаҳои Тоҷикистон ва Сурия бо 3-имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор доранд.

8-уми ноябр, дар даври дувум, дастаи Тоҷикистон бо Сурия ва Қатар бо Бутан рақобат мекунанд.

Сабқати интихобии Ҷоми Осиё бо ширкати 42 даста дар 7 гурӯҳ сурат гирифтааст. Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин аз миёни тимҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, як дастаи натиҷаи беҳтар нишондода ба давраи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқот соли 2008 дар Арабистони Саъудӣ баргузор хоҳад шуд.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар, ки 6-уми ноябр доир гардиданд, чунин аст: гурӯҳи «В»: Эрон – Покистон – 14:0, Ҳиндустон – Лубнон – 2:3, Баҳрайн – Уммон – 1:2; гурӯҳи «D»: Урдун – Непал – 2:0, Узбакистон – Яман – 1:0; гурӯҳи «Е»: Ҷопон – Тайван – 3:1, Таиланд – Ҷазоири Молдив – 3:0; гурӯҳи «F»: Чин – Сингапур – 7:1, Малайзия– Макао – 4:0; гурӯҳи «G»: Кореяи Ҷанубӣ - Гуам – 28:0, Австралия – Индонезия – 2:0.

Дар гурӯҳи «А», ки бозиҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ баргузор шудаанд, баъди ду давр дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо 6 имтиёз дар ҷои аввал ва дастаи Ироқ бо 3 имтиёз дар ҷои дувум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG