Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзилае башиддат дар шарқи Тоҷикистон


Як заминларза ба шиддати панҷ дараҷаи Риҳтер дар шарқи Тоҷикистон рух додааст. Гуфта мешавад, маркази ин заминларза дар фосилаи 375 километр дар шарқи Душанбе ва 160 километр дар шимолу шарқи шаҳри Хоруғ - маркази устони Бадахшон воқеъ будааст. Навбатдори вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ин заминларза бидуни ҳеҷ харобӣ ва талафоте анҷом ёфтааст. Аммо чунин як заминларзае, ки дар соли 1911 дар ин минтақа руй дода буд, ба даридани кӯҳпорае сабаб гардид ва дар натиҷа дарёчаи Сарезро ба вуҷуд овард ва дар асари он шумори зиёде аз сокинони як русто ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG