Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун таркиши Афғонистонро маҳкум кард


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун таркиши маргталалабонаеро дар шаҳри шимолии Бағлони Афғонистон, ки мунҷар ба ҳалокати 28 нафар шудааст, шадидан маҳкум кард. Ҳамлаи интиҳории рӯзи сешанбе гурӯҳи вакилони парлумони Афғонистонро ҳадаф қарор додааст, ки бо як сафари ошнойӣ дар корхонаи шакари шаҳри Бағлон, воқеъ дар шимоли Кобул ба сар мебурданд. Шумори захмиҳо, ки дар миёни онҳо муҳассилони мактаб зиёд будаанд, 81 нафар аст, гуфт шоми дирӯз вазири беҳдошти ин кишвар Сайид Муҳаммадамин Фотимӣ. Тафсилот дар идомаи барнома
XS
SM
MD
LG