Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ҳамла ба шимоли Ироқро баъид намедонад


Ҳукумати Туркия имрӯз бо пахши як изҳорот бори дигар такрор кард, ки аз талошҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва низомиро барои мубориза бо Ҳизби коргарони Курдистон даст набардоштааст. Ин изҳорот ба думболи музокироти дирӯзаи сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Ҷорҷ Буш – раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар Вошингтон пахш шуд. Дар ин гуфтушунид Ҷорҷ Буш гуфт, ки Амрико барои кумаки бештар ба Туркия дар мубориза бо ошубгарони курд омода аст. Ӯ Ҳизби Коргарони Курдистонро созмони террористӣ ва душмани Туркия, Ироқ ва Иёлоти Муттаҳида номид.

Порлумони Туркия ба доир кардани амалиёти низомӣ алайҳи Ҳизби Коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ иҷоза дод ва айни ҳол ҳудуди 100 ҳазор низомиёни кишвар дар марз бо Ироқ мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG