Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти попи Рум ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ


Попи Рум Бенедикти 16 ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ Малик Абдуллоҳ, Вотикон, 6 ноябри соли 2007.

Попи Рум Бенедикти 16 ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ Малик Абдуллоҳ, Вотикон, 6 ноябри соли 2007.

Попи Рум ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ гуфтанд, ҳарду тарафдори ҳалли одилонаи низоъ дар Ховари Миёнаанд.

Сафари подшоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ ба Вотикон як сафари таърихӣ номида шуд. На танҳо барои он ки ин аввалин як чунин дидор буд, балки барои он низ, ки Малик Абдуллоҳ ба ғайр аз подшоҳи Арабистони Саъудӣ, сарпараст ё мутаваллии ҳарамайни шарафайн, Макка ва Мадина, шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон аст. Ин ҳам дар ҳоле ки Вотикони муқаддаси масеҳиёни румию католикӣ бо Арабистони Саъудӣ, монанди бархе дигар аз давлатҳои мусулмон равобити дипломатӣ надорад.

Хабарнигори маҷаллаи католики "Таблет"-и Бритониё, Роберт Микенз мегӯяд, омилҳои дигар низ ин мулоқотро боаҳамият кардаанд: "Арабистони Саъудӣ бо вазн, сарват ва арҷу нақше, ки дорад ва бо коршарики Ғарб буданаш ва бо таъсираш ба дигар давлатҳои мусулмон ин сафарро хеле муҳим сохтааст."

Вотикон дар гузашта борҳо аз Арабистони Саъудӣ ба ҳайси кишваре ном бурдааст, ки дар он ҷо ҳаққи масеҳиён зери пор мешавад. Исқуфи Арабистон, Питер Ҳиндер мегӯяд, ҳарчанд дар Саъудия наздик ба як миллион масеҳии католик ба сар мебарад, онҳо иҷозаи бунёди калисо ё намозгузориҳои сарҷамъонаро надоранд. Онҳо дар ҳоли номуайянӣ ва ҳарос ба сар мебаранд ва ба фазо ва амнияти бозтар ниёз доранд: "Албатта, расман гуфта мешавад, насрониён ҳақ доранд, ба таври хусусӣ ҷамъ шаванд, аммо то ҷамъомади хусусӣ дар ҳудуди чанд нафар буда метавонад, маълум нест. Ин ҷо рӯшанӣ даркор аст. Инчунин бастагӣ ба макон ва ҳамсоягон дорад. Дар баъзе ҷойҳо афроди нисбатан зиёд, то сад ё дусад нафар гирд меояд, агар макони амн бошад. Дар ҷойҳои дигар мумкин ҳамагӣ 20 ё панҷоҳ нафар."

Моҳи гузашта намояндаи дигари Вотикон, кординол Жан Луи Тоуран, масъули аршади Вотикон дар сарикор бо ҷаҳони ислом, гуфт, агар мусулмонон ҳақ доранд, дар Аврупо масҷидҳо бино кунанд, масеҳиён низ бояд битавонанд, дар кишвари худ, агарчи мусулмон аст, калисо бунёд намоянд. Мақомоти Арабистони Саъудӣ ин масъалаҳоро расман шарҳ надодаанд.

Баррасии ин масъалаҳо дар гуфтушуниди попи Рум Бенедикти Шонздаҳ ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ дар Вотикон ҳамчунин куллан ба равобити миёни ду дин убур кард. Бо вуҷуди он ки ин муносибатҳо баъд аз кашокашҳо марбут ба як суханронии попи Рум дар бораи ислом қадре ҳамвортар шудаанд, ду тараф хоҳони онанд, ки сӯитафоҳумҳои дигаре дар муносибатҳои ҷаҳони ислом ва насоро ба вуқӯъ наояд. Як моҳ пеш 130 нафар аз уламои ислом як номаи сисафҳагие ба попи Рум фиристода дар он беҳбуди муносибатҳои миёни масеҳиён ва мусулмононро тақозо карда буданд. Вале дар посух онҳо ба ғайр аз як ташаккури расмӣ чизе нашуниданд. Бо вуҷуди он ки бисёриҳо ба мулоқоти Вотикон бо рағбат ва интизорӣ менигаранд, маълум нест, паёмади он танҳо лабханду дастфишориҳои расмӣ хоҳад буд ва ё чизҳое бештар аз ин.

XS
SM
MD
LG