Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Туркия барои амалиёти низомӣ


Раҷаб Таиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Раҷаб Таиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия

Раҷаб Таиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфт, амалиёти низомӣ бар зидди шуришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ то ҳол дар дастури рӯз қарор дорад.

Аммо дипломатҳо пешниҳод кардаанд, ки ҳар гуна амал дар чаҳорчубаи маҳдуд анҷом бигирад. Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия, низ изҳор дошт, ки кишвари вай дар бораи тарзи бархурд бо шуришиёни курд дар шимоли Ироқ тасмим гирифтааст ва дар ин бора ба Амрико иттилоъ додааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе оқои Эрдуғон, нахуствазири Туркия, дар Вошингтон бо Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, музокироти муҳим анҷом доданд. Ҷорҷ Буш баъд аз ин музокирот ба рӯзноманигорон гуфт, мо дар ин бора сӯҳбат кардем, ки аз чӣ роҳе метавонем барои ҳимоят аз худ дар баробари Ҳизби Коргарони Курдистон ҳамкорӣ кунем. Вай афзуд, мо ниёз ба радду бадали беҳтари иттилоъоти ҷосусӣ дорем низомиёни мо ба иртиботи доимӣ ниёз доранд.

Таҳлилгарон мегуянд, натиҷаҳои мусбати музокироти Ҷорҷ Буш ва Раҷаб Таиб Эрдуғон дар Кохи Сафед зоҳиран кофӣ нахоҳад буд, ки Туркияро аз амалиёти низомӣ, ҳатто аз ҳамлаҳои маҳдуди ҳавоӣ ва амлиёти вижа ба ақабнишинӣ водор кунад. Амрико аз Туркия хостааст, ки ҳазорон нафар неру нафиристад, зеро чунин кор метавонад суботи вазъро дар шимоли Ироқ ба ҳам бизанад ва боиси буҳрон дар минтақа шавад.

Кумисиюни Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, ки Туркия дар робита бо шуришиёни курд дар шимоли Ироқ бояд аз ҳар гуна амали номуттаносиб худдорӣ кунад. Оллӣ Реҳн, кумисари тавсеъаи Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, бо вуҷуди ин ки маҳофили байналмиллалӣ аз талошҳои Туркия барои мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ мекунанд, вале дар зимн бояд ба муқаррароти қонун эҳтиром гузошта шавад, сулҳи минтақа дар мадди назар бошад ва аз ҳар гуна амали номуттаносиб худдорӣ шавад.

Кумисюни Аврупо гуфт, ҳоло Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо бояд ҳамчунон ба талошҳои худ дар роҳи озодии баён ва мазҳаб идома диҳад ва бӯҳрони Қонуни асосиро паси сар гузорад. Дар гузориши пешрафти солонаи Иттиҳодияи Аврупо низ мақомоти иҷроияи он аз Туркия хостаанд, ки ин кишвар бикушад, то аҳолии курд дар ҷануби шарқи Туркия аз ҳуқуқи комил ва озодиҳо баҳраманд шаванд.

XS
SM
MD
LG