Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 6 вакили порлумон кушта шуданд


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар шимоли Афғонистон даҳҳо нафар, аз ҷумла, чанд вакили порлумони кишвар кушта шуданд. Ба иттилоъи пулис, як маргталаб худро дар ҳоле инфиҷор кард, ки ҳайати вакилони порлумон ва раҳбарони қабоил аз як корхонаи тавлиди қанд дар вилояти Бағлон дидан мекарданд. Аҳмад Беҳзод, вакили порлумон аз Ҳирот ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки инфиҷор ба риштаи умри 6 вакили порлумон, аз ҷумла, собиқ вазири тиҷорати Афғонистон ва вакили мухолифи ҳукумат Сайид Мустафо Козимӣ миқроз задааст.

Ӯ афзуд, ки ҳамаи ин вакилон узви Кумитаи иқтисоди миллии порлумон буданд ва масъулияти назорат аз раванди эҳёи кишварро бар дӯш доштанд. Абдураҳмон Саийдхил, раиси хадамоти кашфи Бағлон гуфт, қурбониёни ҳодиса он қадар зиёданд, ки ба зудӣ муқаррар кардани теъдоди онҳо душвор хоҳад буд. Қаблан мақомоти маҳаллӣ теъдоди кушташудагонро тақрибан 90 нафар гуфта буданд.

XS
SM
MD
LG