Пайвандҳои дастрасӣ

Сарқонун қонуни асосист ё хусусӣ?


Таҷлили рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон

Таҷлили рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистонро ба нафъи ҳукумат ва президент медонанд.

Аз замони қабули Қонуни асосии Тоҷикистон то кунун 2 маротиба тағйиру иловаҳо ба банду моддаҳои он ворид карда шудааст. Додани салоҳияти бештар ба фаъолияти президенти Тоҷикистон, аз ду давраи 5-сола ба як давраи 7-сола ва баъдан ба 2 давраи 7-сола, аз ҷумлаи таъғиру иловаҳоест, ки ба манфиати раисҷумқур анҷом ёфтааст.

Коршиноси масоили ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов дар ин маврид гуфт, Тоҷикистон низ ба монанди кишварҳои Белорус, Укроин ва Узбакистон кӯшиш кардааст, ки дар конститутсия ба президент салоҳияти бештар диҳад, то тавониста бошад дар инихоботҳои минбаъда имкони пешбарии номзадии худро дошта бошад, ки ин намунаи хубе нест.

Вай афзуд, ба назар мерасад, ки чунин бархурду расидагӣ ба Қонуни асосӣ боиси ба вуҷуд омадани замина барои ба миён омадани ҳукуматҳои худкома дар минтақаи Осиёи Марказӣ шудааст ва дар натиҷа арзишҳои демократӣ дар ин кишварҳо ҳамеша дучори хатар қарор хоҳанд гирифт.

Ҷалолиддин Маҳмудов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, яккатозиҳои раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки метавонад Қонуни асосиро ба манофеъи худ тағйир диҳанд, дар мисоли кишварҳои Аврупо дида намешавад, ё кам дида мешавад. Ба назари ӯ, изҳороти ахири президент Путин намунае аз ин иқдомот ба шумор меравад.

Ба гуфтаи вай, тамоми мардуми Тоҷикистон ба Путин аҳсант мегӯяд, ки бо хотима ёфтани як давраи аз ҷониби конститутсия пешбинишуда дигар нахост, ки дар мансаби худ бимонад ва Қонуни асосии кишварашро тағйир диҳад.

Ин назарҳои коршиносон дар мавриди конститутсияи Тоҷикистон дар ҳолест, ки депутатҳои порлумони Тоҷикистон аз қонунҳои навиштаи худ дифоъ мекунанд ва ба сурати умум Қонуни асосии Тоҷикистонро ба унвони як конститутсияи демократитар дар минтақа ном мебаранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG