Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии масъалаи марзҳо дар Бишкек


Сарҳадбони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистон-Қирғизистон

Сарҳадбони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистон-Қирғизистон

Ахиран намояндагони ҳукуматии се кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек масъалаҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ба таъин ва аломатгузории марзи миёни ин кишварҳо бастагӣ дошт.

Ба гуфтаи корманди дафтари матбуъоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, раисони ҷумҳури се кишвар ба масъалаи таъин ва аломатгузории марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон нуқта хоҳанд гузошт. Вай афзуд, то баррасии он дар сатҳи раисони ҷумҳури ин се кишвар наметавон гуфт, ки ҳамаи ихтилофи назарҳо аз байн бурда шуданд.

Дар ҳамин ҳол тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ Саломат Оломонов, мудири масоили минтақавии назди ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ҳайатҳои се кишвар -Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон – ҳанӯз ба давраи ниҳоии таъин ва аломатгузории марз нарасидаанд.

Ба гуфтаи Саломат Оломонов, ягон санади дақиқи расмӣ дар замони шӯравии собиқ таҳия ва ба имзо нарасидааст, ки ин санад дар ихтиёри ҳайатҳои ҳукуматии се кишвар қарор гирад. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки қисмати аъзами корҳои тайин ва аломатгузории марз ба охир расонида шуд, вале ҳанӯз ҳам дар ин маврид музокироти ҷонибҳо идома дорад.

Мудири масоили минтақавии назди ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон мегуяд, дар ҳамин ҳол 489 километри марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистон таъин ва аломатгузорӣ шудааст, ки натиҷаи музокираҳои ҳафтсолаи ҳайатҳои ду кишвар мебошад. Саломат Оломонов афзуд, дар минтақаҳои назди кӯҳӣ баъзе қисматҳои баҳсноки марз боқӣ мондааст, ки дар назар аст, таъин ва аломатгузории он низ ба зудӣ анҷом хоҳад ёфт.

Дар мавриди марз миёни Қирғизистон бо Узбакистон ҳамин манбаъ гуфт, дар айни ҳол аксарияти тули марзи миёни ин ду кишвар таъин шудааст аломатгузории қисмати боқимондаи марз идома дорад.

XS
SM
MD
LG