Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Мултони Покистон пулис бо ҳуқуқдонони ин шаҳр вориди задухурд шуд.

Ҳудуди ҳазор нафар ҳуқуқдон ба нишонаи эътироз бар зидди вазъи фавқулодда дафтарҳои кории худро тарк карданд ва омодаи раҳпаймоии эътирозӣ буданд. Садҳо нафар нируи пулис роҳи онҳоро бастанд ва сангандозии дуҷониба ба суи якдигар оғоз шуд. Пулис бо истифода аз чубдастҳо ба ҳуқуқдонони норозӣ дарафтод, то онҳоро пароканда кунад.

Бино ба гузоришҳои расида аз маҳал, дар ин задухурд дастикам се ҳуқуқдон ва се пулис ҷароҳат бардоштаанд. Чаҳор нафар боздошт шудаанд. Пулис ҳамчунин ба додгоҳи шаҳри Мултон ҳамла бурдааст ва шаш нафар ҳуқуқдонони дигарро дар он ҷо боздошт кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ифтихор Ғадурӣ-раиси барканоршудаи Додгоҳи олии Покистон аз мардум хост, ки бар зидди Парвиз Мушарраф муттаҳид шаванд ва ба ҳуқуқдонон пайванданд. Вай дар як суханронии мухтасари худ изҳор дошт, ки гуруҳи ҳафтнафарии аъзои Додгоҳи олии Покистон фармони Парвиз Мушаррафро дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда ғайриқонунӣ эълон кардаанд.

Бо вуҷуди ин ки Парвиз Мушарраф вазъи фавқулоддаро талоше барои муборизаи фаврӣ бо тундгароии рузафзуни исломӣ эълон кардааст, вале ин нуқтаи назарҳо низ вуҷуд дорад, ки вай бо ҷорӣ кардани чунин вазъ мехоҳад қудрати кунунии худро аз даст надиҳад.

Дар остонаи вазъи фавқулодда қарор буд, Додгоҳи олии Покистон тасмими худро дар бораи ҳаққи қонунии интихоби дубораи Парвиз Мушарраф ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълон кунад. Ҳоло зери фишори маҳофили байналмилалӣ давлати Парвиз Мушарраф мегуяд, ки интихобот он гуна, ки пешбинӣ шуда буд, баргузор мешавад ва ҳоло давлат замони баргузории ин интихоботро баррасӣ мекунад. Парвиз Мушарраф мегуяд, ӯ омода аст, ки либоси низомиашро иваз кунад. Вале барои ин кор вай чанд шарт пешниҳод кардааст: Ислоҳоти низомҳои додгоҳӣ, иҷроӣ ва қонунгузор, яъне порламон.

Беназир Бҳутто-раҳбари мухолифон ва нахуствазири собиқ дар таърихи 6 ноябр аз Карочӣ вориди Исломобод шуд. Вай мегуяд, қасд дорад, бо ҷонибдорони худ раҳпаймоӣ анҷом диҳад ва Парвиз Мушаррафро водор созад, ки вазъи фавқулоддаро аз миён бардорад.

XS
SM
MD
LG