Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лоиҳаи нави тоҷикии USAID


Бино ба гузориши сафорати Амрико дар Душанбе, Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ва Вазорати маорифи Тоҷикистон як тарҳи нав таҳти унвони «Беҳсозии сифати таълими мактабӣ»-ро ба имзо расониданд.

Дар гузориш оварда мешавад, ин шартномаи нав, ки аз сӯи ҳукумати Амрико маблағгузорӣ хоҳад шуд, лоиҳаи минтақавӣ буда, дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин кишварҳои Қирғизистон ва Туркманистонро низ фаро хоҳад гирифт. Тарҳи нави таълимӣ барои солҳои 2007-2012 пешбинӣ шудааст.

Дар маросими имзокунии ин тарҳ раиси Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID/CAR) Вилям Фрей ширкат намуда, изҳор доштааст, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои аслии стратегияи рушди ҳукумати Амрико мебошад ва ҳукумати ин кишвар барои татбиқи Стратегияи миллии маорифи Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, лоиҳаи «Беҳсозии сифати таълими мактабӣ» яке аз чандин тарҳҳост, ки аз тарафи Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Оҷонси USAID ба маблағи зиёда аз 270 милиён доллар кӯмак намудаанд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди иқтисодиёт, тандурустӣ, маъориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд.

XS
SM
MD
LG