Пайвандҳои дастрасӣ

Театри ба номи устод Лоҳутӣ 79-сола шуд


Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе

Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе

Чаҳоршанбеи 7-уми ноябр аҳли ҳунари Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии нахустин театри тоҷик истиқбол мегирад.

Дар таърихи 7-уми ноябри соли 1929 театри ба номи устод Лоҳутии пойтахт барои бори нахуст дарҳои худро ба рӯи тамошобин боз кард ва саҳнаҳои «2 ҳаёт» ва «2 кумунист»-ро ба саҳна гузошт.

Гурӯҳи ҳунармандони театр 79 сол муқаддам, хеле кучак буд. Ба иттилоъи Нуруллоҳи Абдуллоҳ, муовини раиси Иттиҳоди арбобони театрии тоҷик, дар соли 1929 дар театри Лоҳутӣ 1 коргардон ва 5 ҳунарманд фаъолият доштаанд.

Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, устодони саҳнаи театрӣ Латипов ва Ҷӯраев аз пештозони ҳунари театрӣ дар кишвар маҳсуб мераванд, ки ҳарчанд ягон донишгоҳи касбиро хатм накардаанд, вале ҳамоно ҳунарманде бар зинаҳои шуҳрати театрии эшон расидааст.

Ба қавли коршиносони санъати театриии Тоҷикистон, дар давоми қариб 80 соли баъдӣ ҳунари театрӣ дар кишвар рушд кард. Имрӯз танҳо дар Душанбе театрҳои касбии ба номи Лоҳутӣ, Театри Ҷавонон, «Аҳорун», Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театр-студияи ҳаҷви муосири «Оина» фаъолият дошта, театрҳои, ба истилоҳ, музофотии Хуҷанд, Чкаловск, Конибодом, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хорӯғ аз номдортарин театрҳои касбии кишваранд. Театрҳои Лӯхтак дар Душанбе ва театри насли наврас дар Хуҷанд барои атфол ва хурдсолон намоишномаҳо таҳия мекунанд ва дар озмунҳои байнулмилалии театрӣ пайваста ширкат доранд.

Дар ҳамин ҳол ҳамчунин дар навоҳии кишвар беш аз 70 театри ғайрикасбии халқӣ фаъолият доранд.

Ва аммо, ба изҳори худи ҳунармандони соҳа, онҳо дар тӯли 16 соли истиқлолият рӯзҳои сангинтарини худро паси сар кардаанд ва мекунанд, вале новобаста ба нокомиҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ саҳнаи касбиро тарк накардаанд ва феълан ҳам нимасеру нимагурусна саҳнаҳое меофаранд, ки танҳо метавон ба рамзи ризояту эҳтиром кулоҳ аз сар гирифту нидо кард: «Брависcимо!..»

XS
SM
MD
LG