Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов боз номзад ба мақомоти раиси ҷумҳур


Ҳизби либерал-демократии Узбакистон Ислом Каримовро номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Каримов барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳур чун номзади ин ҳизб ризоят додааст.

Ва аммо айни ҳол, заминаи ҳуқуқии пешбарии раисиҷумҳури феълӣ ба мақоми олии Узбакистон рушан нест. Ислом Каримов ду бор президенти Узбакистон интихоб шудааст ва тибқи Қонуни асосӣ, барои бори саввум дар ин маърака ширкат кардан ҳақ надорад. Мақомоти Узбакистон ду бор – солҳои 1995 ва 2002 барои тамдиди раёсати ӯ аз тариқи раъйпурсии мардум ба Қонуни Асосии кишвар тағйирот ворид карда буданд.

XS
SM
MD
LG