Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Толибон ва мардуми осоишта дар Бодғиз


Мақомоти низомии Афғонистон хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои НАТО дар манотиқи шимолу ғарби кишвар теъдоди зиёди мусаллаҳони Толибон кушта шуданд. Ба иттилоъи Зоҳир Азимӣ, намояндаи вазорати дифоъи Афғонистон, ин ҳамла болои мавқеъҳои Толибон дар вилояти Бодғиз сурат гирифт. Ва аммо мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати мардуми осоишта низ шудааст.

Дар як ҳодисаи дигар, ба гуфтаи волии вилояти Даи Кундӣ Султон Алӣ Урузгонӣ, тақрибан 60 мусаллаҳи Толибон тавассути мошину мотосиклҳо ғайриинтизор вориди волусволии Каҷерон шуда онро таҳти назорати худ қарор доданд. Ин саввумин волусволиест, ки ҳафтаҳои ахир аз сӯи Толибон забт шудааст.

XS
SM
MD
LG