Пайвандҳои дастрасӣ

Бурду бохти варзишгарони тоҷик дар Макао


Дуввумин давраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти болопӯшида, ки дар шаҳри Яомини Макао баргузор шуд, ба анҷом расид. Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 3 ҳазор варзишгари 45 кишвари қора оид ба 17 ришта тӯли 9 рӯз идома карданд. Намояндагони Тоҷикистон барои аввалин бор дар ин бозиҳо дар ду навъи барнома – варзиши сабук ва футзал ширкат варзиданд.

Дар сабқати ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 1500 метр ду варзишгари тоҷик Аҷмал Амиров - ҷои ҳаштум ва Фирдавс Азизов - ҷои нӯҳумро касб карданд. Вале ҳарду дар давидан ба масофаи 800 метр меъёри муқарраршударо ба ҷо оварда натавонистанд ва аз ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин дидори худ аз дастаи Чин бо натиҷаи 0 бар 1 мағлуб шуда, сипас тимҳои Кувайтро бо натиҷаи 7 бар 2 ва Тимори Шарқиро бо натиҷаи 23 бар 1 шикаст дод. Бозии охирини гурӯҳӣ байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қатар бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт. Бад-ин тартиб дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи худ дар ҷои дуввум қарор гирифт ва ба давраи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале кори футболбозони тоҷик дар марҳилаи баъдӣ омад накард.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, гуфт дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ дар давраи чаҳорякниҳоӣ ҳамеша рақиби мо ғолиби баъдии мусобиқа мешавад ва ин дафъа низ чунин шуд. Вай афзуд, мо аз тими миллии футзали Эрон бо ҳисоби бузурги 4 бар 18 шикаст хӯрдем.

Камолиддинов гуфт, тими Эрон дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Тайланд бо натиҷаи 9 бар 4 пирӯз гардид. Вале мо, ки бо кӯмаки молиявии ширкати «Вавилон–Мобайл» дар ин бозиҳо ширкат кардем, вазифаи дар назди худ гузоштаро ба ҷо овардем. Яъне дастаи Тоҷикистон ба қатори ҳашт тими миллии беҳтарини қора дохил шуд.

XS
SM
MD
LG