Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди Амрико барои нерӯҳои сулҳофари тоҷик


Амрико барои омодасозии низомиёни сулҳофар дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Дар ин бора сарфармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Уилям Феллон пас аз дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.

Вай гуфт, мо ҳозир ҳастем барои омодасозии нерӯҳои сулҳофар дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ ва фаннӣ созем ва ин пешниҳоди мо ҳоло мавриди баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG