Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои шаҳрдори пойтахт аз тоҷирони орд


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо нигарони аз афзоиши босуръати нархи маводди ниёзи аввали аҳолӣ, аз ҷумла орд, дар бозорҳои пойтахт тоҷирон ва раисони бозорҳои пойтахтро дар мулоқот бо онҳо даъват кард, ки аз ҳама захоири худ истифода бурда, ҳадди ақалл то интиҳои соли ҷорӣ нархи маҳсулотро боло набаранд.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт ба тоҷирони воридкунандаи орд дар тавсия додааст, ки, барои мисол, нархи яклухти як халта орди навъи якумро на бештар аз 107 сомонӣ ва дар бозорҳо то 110 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Сухангӯи шаҳрдорӣ афзуд, раиси шаҳри Душанбе аз мақомоти молияи ҳукуматаш дархост кардааст, ки дар буҷаи соли ояндаи 2008 барои захираи давлатии орд ва ғалла 30 миллион сомонӣ пешбинӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки воқеан шӯрӯъ аз аввали ҳафтаи ҷорӣ қимати як халтаи 50-килоии орд дар бозорҳои пойтахт аз 120-125 сомонӣ то 108-110 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳарчанд тоҷирон феълан дар бархе нуқоти тиҷоратӣ нархи ордро то ба 110 сомонӣ коҳиш додаанд, аммо мутмаинанд, ки бо ин усул намешавад, қимати маводди ниёзи аввалияро, аз ҷумла ордро, дар бозорҳои пойтахт танзим намуд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон бар ин назаранд, ки танзими иҷбории қимти маводди ниёзи аввалия дар шароити феълии Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст, зеро ин ҳолат дар пай камбуди маҳсулот дар бозорҳоро дорад. Ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, як иллати аслии бесобиқа боло шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар, бахусус дар пойтахт, ҳароси мардум аз ивазшавии пули миллӣ мебошад, ки дар чанд рӯзи ахир дар саросари кишвар овоза паҳн шудааст. Ва мардум захоири маводи ниёзи аввалияро аз бозорҳо аз зарурат зиёд харидорӣ доранд. Қ. Бекмуҳаммад муътақид аст, ки яке аз усулҳои муассири танзими қимати маводди ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар феълан талаботи мардум ба маҳсулоти асосӣ, хусусан орд, мебошад. Ба бовари ӯ, зарур ат, то тиҷорати орд аз инҳисори ширкатҳои алоҳида берун оварда шавад ва дар зимн рақобати солим сурат бигирад.

Ин коршинос афзуд, ки лағви комили молиёт аз арзиши изофӣ барои маҳсулоти воридотии ниёзи аввалия аз роҳҳои дигар танзими нархҳо дар бозорҳо хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки дар ин авохир Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо манзури коҳиши қимати маҳсулот дар бозорҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки молиёт аз арзши изофӣ барои маводди ниёзи аввалияи воридотӣ то 10 дарсад коҳиш дода шавад. Коршиносони вазорат гуфтаанд, ҳарчанд дар ин сурат буҷаи кишвар 20 миллион доллар зарар мебинад, вале ин иқдом боиси рушди дигар бахшҳо ва воридоти маблағҳои бештар ба буҷаи кишвар хоҳад шуд, ки, дар навбати худ, ин зиёнро барзиёд ҷуброн мекунад.

XS
SM
MD
LG