Пайвандҳои дастрасӣ

Густариши ҳамкориҳои ҳарбии Амрико ва Тоҷикистон


Уилям Феллон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, 6 ноябри соли 2007.

Уилям Феллон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, 6 ноябри соли 2007.

Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ситоди марказии нирӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида Уилям Феллон дурнамои ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Президент Раҳмон дар ин дидор равобити кишвараш бо Амрикоро яке аз самтҳои бартаридори сиёсати берунаи Тоҷикистон номид ва гуфт, ҳукуматаш ба густариши чунин ҳамкориҳо манфиатдор аст. Феллон дар посух гуфт, Иёлоти Муттаҳида Тоҷикистонро коршарики стратегии худ дар минтақа мешуморад ва ба талошҳои ин кишвар дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва барқарории суботу амният арҷ мегузорад. Дар ин замина ҳарду ҷониб ба зарурати тақвияти дидбонии марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ишора карданд. Сарфармондеҳи ситоди марказии нирӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар парвариши мутахассисони низомӣ истиқбол кард ва орзуманди таҳкими ҳамкориҳои ҳарбию фаннии Амрико ва Тоҷикистон шуд.

Президенти Тоҷикистон бунёди пули муҳим дар рӯи рӯдхонаи Панҷро ҳамчун яке аз кумакҳои Иёлоти Муттаҳида ситоиш кард ва як намунаи неки ҳамкории дуҷониба номид. Феллон гуфт, Вошингтон аз пуштибонии Тоҷикистон дар амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон сипосгузор аст. Ду тараф инчунин масъалаҳои амният ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд ва аз он ҷо мулоқот дар Рӯзи қонуни асосии Тоҷикистон ба амал омад, Уилям Феллон ин идро ба президент Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG