Пайвандҳои дастрасӣ

Ислоҳоти сохтори идорӣ, коҳиши раванди муҳоҷират, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ба иҷро даровардани тарҳҳои муҳимми энержӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи масоиле буданд, ки дар барномаи пеш аз интихоботии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси номзад ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон махсус таъкид шуда буд.

Оқои Раҳмон ваъда дода буд, ки дар сурати интихоби ӯ ба ин мақом ин масоил ба зудтарин фурсат ҳалл хоҳад шуд. Инак як сол аз замони интихоби саввумбораи ӯ ба ин мақом сипарӣ мешавад.

Ҳанӯз намешавад гуфт, ки ваъдаҳои интихоботӣ рӯ ба ҳал шудан ниҳодаанд...
Соли аввали фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон - баъди интихоби саввумбораи ӯ ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон ба бовари бештари коршиносон тағйироти назаррас ва қобили мулоҳизаеро дар кишвар ба бор наовардааст. Ба вижа, ба иҷро надаромадани муҳиммтарин тарҳи энержии давлати Тоҷикистон - сохтмони неругоҳи Роғун ва то кунун номуайян ва норӯшан боқӣ мондани тарҳи мазкур аз нишонаҳои номуваффақӣ ва заъфи фаъолияти оқои Раҳмон арзёбӣ мешавад.

Аз тарафи дигар, мушкилоти муҳоҷирати ғайримуназзам ва ғайрилегалии ҳазорон тан аз атбои тоҷик дар шаҳрҳои Русия ба арзёбии коршиносон бидуни тағйир боқӣ монда давлат дар ин самт кадом иқдоми муассиреро рӯи даст нагирифтааст. Муҳоҷирине, ки ба маҳзи заҳамоти онҳо дар хориҷ аз кишвар суботи иҷтимоӣ ва амнияти иқтисодӣ дар кишвар амалан ҳифз мешавад, ҳамоно ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода –як масъули маркази таҳлилии мавсум ба «Диалог» мегӯяд, дар ин як соли баъди ваъдаҳои интихоботӣ мушкилот ва масоили асосии кишвар ба мисли пешин роҳи ҳалл пайдо накард. Аммо ҳукумат ин ҳамаро гӯё нодида мегирад ва масоилеро ба мисли танзими расму оин ва ё бо ҳиҷоб омаду рафти шогирди мадрасаро дар чашми мардум ҷилва медиҳад.

Вале бархе дигар аз коршиносон, аз ҷумла профессор Карим Абдулов мӯътақид аст, ки ҳукумат дар амри иҷрои барномаҳои интихоботии Эмомалӣ Раҳмон тадобири заруриро андешидааст. Оқои Абдулов мегӯяд, нақша ва барномаҳо барои як сол пешбинӣ нашудааст ва иҷрои онҳо барои солҳо пешбинӣ шудааст.

Аммо Шокирҷони Ҳаким –устоди Донишгоҳи байналмилалии Душанбе бо ишора ба ислоҳоти сиёсати кадрии раисҷумҳур баъди интихоби муҷаддадаш ба ин мақом гуфт, азбаски тақрибан ҳамаи афроди пешин дар вазоифи муҳимм ва калидии ҳокимият ҳифз шуданд, дигаргунии ҷиддиро интизор шудан нодуруст аст. Зеро барои ислоҳот ва дигаргунӣ, ки мунҷар ба рушди ҷомеа шавад, афроди ҷавон ва тозаназарро мебояд ба умури идорӣ ҷалб кард.

Ба ин тартиб, як сол аз замони давраи интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президенти Тоҷикистон сипарӣ шуд. Дар асоси ислоҳоти ахири қонуни асосии Тоҷикистон ӯ ба муддати ҳафт сол интихоб шудааст. Дар интихоботи соли 1994 ӯ барои як панҷсола интихоб шуда буд, вале баъди имзои созишномаи умумии сулҳ, ки замони интихоботи президентиро ба соли 1999 муқаррар карда буд, ӯ барои як ҳафтсола интихоб гардид.

Ҳамин тавр аз моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раёсати давлати Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, давлатеро, ки ба таъйиди созмонҳои байналмилалӣ, дар шумори фақиртарин кишварҳои олам ҷо гирифта ва даромади нохолиси миллиаш ба сари аҳолӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои шӯравии пешин дар сатҳи аз ҳама поин қарор доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG