Пайвандҳои дастрасӣ

6-уми ноябр – рӯзи конститутсияи Тоҷикистон


Имрӯз, 6-уми ноябри соли 2007, дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи конститутсия ё қонуни асосии кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Қонуни асосии феълии кишвар соли 1994 қабул шуда, ба он дар солҳои 1999 ва 2003 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, 6-уми ноябри ҳарсол ҳамчун рӯзи иди умумимиллӣ таътил эълон гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол имрӯз ҳамчунин аз интихоби севумбораи Эмомалӣ Раҳмон ба маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон як сол пур мешавад. Як соли пеш дар ҳамин рӯз Э. Раҳмон аз миёни 5 номзад аз аҳзоби дигари сиёсӣ, ки, ба иддаъои коршиносон, воқиъан, довталабони сунъии курсии раиси ҷумҳур буданд, бо касби беш аз 75 дарсади ороъи мардум дар интихобот пирӯз гардида буд.

XS
SM
MD
LG