Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хушунатҳои Афғонистонро ба шиддат маҳкум кард


Маҷмааи кулли СММ амалиёти террористии хушунатомези Афғонистонро, ки дар ҳоли афзудан аст, ба шиддат маҳкум кард. Дар қатъномае, ки аз ҷониби 100 кишвар қабул шудааст, аз ҳукумати Афғонистон ҳамчунон даъват мешавад, ки алайҳи хатарҳои идомаёбандаи Толибону Ал-Қоида ва инчунин гурӯҳҳои ифротии ҷиноятпеша, ки дар тиҷорати сиёҳи маводи мухаддир даст доранд, мубориза барад. Сафири Олмон дар СММ Томас Маттусек, ки аз ташаббускорони ин қатънома мебошад, гуфт, "таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки барқарорсозии як кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ коре нест, ки зуд анҷом шавад".
XS
SM
MD
LG