Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Турманов дар зиндон гуруснанишинӣ эълом кардааст


Раиси корхонаи фаръии давлатии «Легпромконтракт» Раҳматулло Турманов, ки тайи чаҳор моҳи ахир дар боздоштгоҳи муваққати Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, гуруснанишинӣ эълом кардааст. Оқои Турманов дар азхудкуниии моликияти давлатӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам мешавад. Ва аммо вакилони дифоъи оқои Турманов бо иттиҳомоти эъломнамуда алайҳи муваккилашон мувофиқ нестанд ва мегӯянд, далелҳои бегуноҳӣ ва иттиҳомоти сохтаи Раҳматулло Турмановро ба мақомот ироа кардаанд. Аммо ба гуфтаи Солиҷон Ҷӯраев, яке вакилони дифоъи нафари муттаҳам, на додситонии Душанбе ва на раёсати Ожонси зиддифасод ва мубориза бо ҷиноёти молии Тоҷикистон вокунише дар ин робита нишон надодаанд. Сабаби гуруснанишинии Раҳматулло Турманов низ маҳз беэътиноии мақомот ва ба гуфтаи вакилонаш, ғайримунсифона баррасӣ шудани парвандааш будааст. Раҳматулло Турманов коргардони маъруфи синамо ва узви Иттиҳоди синамогарони собиқи Шӯравӣ мебошад. Дар бораи гуруснанишинии ӯ ходимони шинохтаи фарҳангу ҳунар хабар шудаанд ва тасмим доранд, ба унвони раиси ҷумҳур ва додситони кулли Тоҷикистон баёния пахш кунанд.

XS
SM
MD
LG