Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба Туркия дар муқобила бо шӯришиёни курд кӯмак мекунад


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ба нахуствазири Туркия ваъдаи ироаи кӯмакҳои зиёд дар самти муқобила бо шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон кард. Баъди музокира бо Эрдуғон дар Кохи Сафед, дар баробари хабарнигорон Буш аз ин ҳизб ба унвони як ташаккули террористӣ ёд кард, ки на танҳо барои Туркия, балки барои Ироқу ИМА душман маҳсуб меёбад. Буш инчунин талошҳои дипломатии Эрдуғонро барои раҳоии 8 сарбози туркӣ ситоиш кард. Эрдуғон, ҳарчанд нагуфт, ки дар кадом фурсати замонӣ Туркия ният дорад амалиёти низомии худро алайҳи шӯришиён дар марз бо Ироқи шимолӣ ба роҳ монад, аммо гуфт, ки парлумони Ироқ ба чунин амалиёт иҷоза додааст. Туркия ҳудудан 100 ҳазор сарбози худро дар марз бо Ироқ мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG