Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони мухолифини Гурҷистон даст ба гуруснанишинӣ заданд


Чаҳор раҳбарони аслии нирӯҳои мухолифини Гурҷистон гуфтанд, ки даст ба гуруснанишинӣ мезананд, то ки раиси ҷумҳурӣ Михайил Саакашвилиро водор ба тарки вазифа кунанд. Раҳбари ҳизби мардумӣ Коба Давиташвилӣ гуфт, ки омода аст ҳаёти худро барои Гурҷистон қурбон кунад. Вай бо чунин изҳорот дар баробари ҳазорҳо тазоҳургарон ҳозир шуд, ки рӯзи чаҳорӯми худро дар хиёбонҳо пушти сар мекунанд. Эътирозгарон Саакашвилиро дар сиёсатҳои худкома ва номуваффақиятиаш дар муқобила бо қашшоқиву фасод муттаҳам мекунанд. Талаби онҳо истеъфо ва даъвати пеш аз вақти интихоботи парлумонӣ мебошад. Саакашвилӣ, ки шурӯъ аз рӯзи 2 ноябр, оғози эътирозҳо, дар баробари мардум ҳозир нашудааст, талаби онҳоро қотеъона рад мекунад. Вай аз ин тазоҳурот ба унвони "як корзори фирбегарон" ёд кардааст. Муовини вазири хориҷаи Амрико Дениел Фрид рӯзи душанбе гуфт, ки вай ҳеҷ бӯҳронеро дар Гурҷистон мушоҳида намекунад. Баъди сари қудрат омаданаш дар соли 2003, Саакашвилӣ аз муттафиқони аслии Ғарб ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG