Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон нақшаи "эътидоли Ироқ-"ро тарҳрезӣ кард


Эрон гуфт, ки як нақшаи эътидоли Ироқро тарҳрезӣ кардааст, ки дар он сухан аз хориҷкунии ширкатҳои хусусии амниятӣ ва муттаҳидсозии ҷангиён ба нирӯҳои воҳиди низомӣ меравад. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, ки дипломатҳои эронӣ чунин пешниҳодро дар ҷараёни конфронси Истамбул карданд, ки ба баррасии масоили амниятии Ироқ тахассус ёфтааст. ИМА Эронро дар кӯмак ба ҷангиёни шиамазҳаби ироқӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки ин кишвар барояшон аслиҳаву муҳимоти ҷангиро фароҳам меорад ва ҳамла болои сарбозони амрикоиро фармоиш медиҳад. Эрон ин гуна айбмониҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG