Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2,3 миллион ироқӣ тарки манзил кардаанд


Созмони Салиби Сурхи Ироқ гуфт, ки ҳудудан 2,3 миллион ироқӣ, аксарашон занону кӯдакон, манзили зисти худро тарк карда, аммо ҳамоно дар қаламрави ин кишвар ба сар мебаранд. Дар гузориши нави ин созмон гуфта мешавад, ки аксари беҷошудагон аз қашшоқиву гуруснагӣ ва норасоии ғизо ранҷ мекашанд. Гузориш мегӯяд, ки кӯдакон аз мактаб монда, дар хаймаҳо рӯзро шаб мекунанд, ва ё дар сохтмонҳои давлатии бекорхобида, масҷиду калисоҳо, дар манзили хешовандон дар шароити беобиву бебарқӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG